Кобинаи вазирони Покистон ҷиҳати ниҳоӣ кардани қарордоде амр дод, ки марзҳои кишварро барои корвонҳои экмолотии нирӯҳои НАТО дар Афғонистон дубора боз мекунад. Аммо нишасти имрӯзаи кобина кадом таърихеро барои гушоиши марзҳо ё анҷоми музокираи мавзӯъ эълон накард. Ин нишаст ҳамчунин аз ширкати раисиҷумҳур Осифалӣ Зардорӣ дар нишасти рӯзҳои 20 ва 21 майи НАТО дар Чикаго, ки мавзӯъи асосиаш ояндаи Афғонистон аст, ҳимоят кард. Покистон 6 моҳ пеш дар посух ба ҳалокати 24 сарбозаш дар як ҳамлаи ҳавоии НАТО марзҳои худро ба рӯи нирӯҳои эътилоф баст. Амрико аз ҳалокати ин сарбозон изҳори тассуф кард, вале узр нахост. Ин қазия мояи сардӣ дар равобити бе он ҳам танишомези ду кишвар шуд.