Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон 500 корхонаашро ба фурӯш мегузорад


Давлати Узбакистон мехоҳад то 2 соли дигар ба хотири тақвияти бахши хусусии иқтисод ҳудуди 500 корхонаи давлатиро хусусӣ гардонад. Матбуоти узбак аз қавли муовини раиси Кумитаи амволи давлатӣ Сайфиддин Ғаффоров хабар дод, ки корхонаҳои соҳоти нафту газ, энержӣ, металлургӣ, кишоварзӣ ва электрониву дорусозӣ ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд. Мақомот ҷалби таваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷӣ барои кумак ба таҳкими зарфиятҳои фанноварии Узбакистонро аз ҷумлаи далоили ин иқдом ном мебаранд. Тошканд аз замони касби истиқлолаш дар соли 1991 дар иқтисод ба нирӯи худаш такя мекард, вале дар ин авохир худро барои ҳимояти молии байналмилалӣ бозтар кардааст.
XS
SM
MD
LG