Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи 17 муттаҳам ба тундгароӣ дар Суғд


Бозбинии додгоҳии парвандаи гурӯҳи 17 нафарии мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон дар марҳалаи анҷомёбист.

Додгоҳи вилояти Суғд алайҳи ин гурӯҳ мутобиқи бандҳои «иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ» ва «дигар созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ» - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айб пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи як манбаи наздик ба бозбинии парванда аз додгоҳи Суғд, ин гурӯҳ мансуб ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон буда, бархе аз онҳо дар охирҳои солҳои навади асри гузашта дар Покистон ва Афғонистон таълимоти ҳарбӣ гирифтаанд. Ин манбаъ афзуд, ин афрод сокинонро ба шомил шудан ба сафи худ даъват карда, наворҳои дорои мазмуни тундгароиро якҷоя тамошо мекардаанд. Созмони мазкур ба феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ шомил шудааст.

Аммо афроди айбдоршаванда худро қисман гунаҳкор дониста, иштироки худ дар кадом иттиҳод ё созмони ҷиноиро рад кардаанд. Бархе аз вакилони дифои ин афрод мегӯянд, ки нафарони таҳти ҳимояи онҳо зери шиканҷаи мақомоти тафтишотӣ, айбҳои алайҳи онҳо пешниҳодшударо бар дӯш гирифтаанд.

Аммо додситони парванда дар сухани хотимавии худ аз додгоҳ хостааст ба айбдоршавандагон аз 11 то 25 сол ҳукми зиндон содир кунад.

16 нафар аз ин афрод сокинони ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт ва як нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, аз 22 то 50 сол доранд. Азамат Хӯҷамқулов, сокини ноҳияи Ғафуров ҷавонтарини аз гурӯҳи мазкур аст. Ин гурӯҳ моҳҳои октябр – ноябри соли гузашта аз ҷониби кормандони амниятиву интизомӣ боздошт шуда, мурофиаи парвандаи онҳо моҳи апрел дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфтааст.

Моҳи гузашта додгоҳи Суғд 34 узви ҲИУ, ки сокинони ноҳияи Исфара мебошанд, аз 8 то 28 сол маҳкум ба зиндон карда буд. Бархе аз вакилони дифои онҳо ба иддаои он, ки зерҳимояҳояшон зери лату кӯб ва шиканҷаи мақомоти тафтишоти аввалия ба содир кардани «гуноҳҳои нокарда» иқрор шудаанд, хостори бозбинии парванда дар зинаи болоии додгоҳӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол додгоҳи Суғд мегӯяд, дар бозбинии парвандаи гурӯҳи 17 нафарӣ танаффус эълон шуда, рӯзҳои наздик идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG