Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис эътирозгаронро аз Чистие Пруди берун кард


Нирӯҳои пулиси Русия субҳи чоршанбе қароргоҳи эътирозгарон дар маркази Маскавро пароканда карданд. Бино ба хабарҳо, аксари мӯътаризон шиорҳои худро чида, қароргоҳи "Occupy Abai" дар гулгашти Чистие Прудиро ихтиёран тарк карданд. Чандеро боздошт ва ба зудӣ раҳо кардаанд. Мухолифин баъди боздошти садҳо эътирозгар дар тазоҳуроти рӯзи 6 май дар назди ҳайкали шоири қазоқ Абай Қунанбоев хайма заданд. Додгоҳи Маскав дирӯз ин хаймазорро ғайриқонунӣ номида, ба барчидани қароргоҳи эътирозгарон ҳукм кард.
XS
SM
MD
LG