Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Раҳмон бо Путин дар Маскав


Президентҳои Тоҷикистон ва Русия дар ҳошияи ҳамоиши сарони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав мулоқот карданд.

Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар нахустин дидораш бо раҳбари Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, муносибатҳои байни ду кишвар дар бисёр самтҳо дар ҳоли рушданд. «На танҳо дар иқтисод, балки дар ҳамкории ҳарбӣ низ,» -- афзуд ӯ ва аз раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҳимояташ аз пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон сипосгузорӣ кард.

Бино бар хабари дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Русия, Путин ба робитаҳои мустақими воҳидҳои маъмурии кишвараш бо Тоҷикистон низ ишора кард: «Зиёда аз 70 субъекти Федерасюни Русия бо шарикони худ дар Тоҷикистон робита доранд. Вақте муносибатҳо ана, ба чунин сатҳ мефуроянд, метавон гуфт, манфиатҳои тарафайн дуҷониба ва бунёдӣ мешаванд. Ин заминаи хубе барои вусъати ҳамаи робитаҳои мост. Бовар дорам, ҳамин хел хоҳад шуд.»

Дар посух Эмомалӣ Раҳмон, гуфт зикр кард, ки бо вуҷуди бӯҳрон, гардиши мол байни ду кишвар ҳар сол ба 10-15 дарсад афзоиш меёбад. Вай афзуд, ки «дар байни ду кишвари мо, амалан, масъалаҳои мушкили ҳалношуда вуҷуд надоранд.»

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки «пойгоҳи ҳарбӣ вуҷуд дорад, амал мекунад ва ҳеҷ мушкиле надорад.» Дар айни замон ҷаноби Раҳмон дар сӯҳбат бо Путин гуфтааст, баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки зарур аст, «бисёр донистакорона ва ба таври қобили қабул ҳал шаванд.»

Бино бар хабари торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон, ӯ дар ин дидор ҳамчунин ишора кардааст, ки «мо ҳамеша ба манфиатҳои шарики стратегиамон дар кишвари худ эҳтиром мегузорем ва умедворем, ки Русия низ бо мо чунин муносибат дорад». Путин дар посух изҳор доштааст, ки «маҳз ҳамин хел мешавад».

Ин дар ҳолест, ки масъалаи барои 49 соли дигар дар Тоҷикистон боқӣ мондани пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия ҳалношуда боқӣ монда, Тоҷикистон хостори пардохти кирояи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG