Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ даъвати ширкат дар ҳамоиши сарони НАТО-ро пазируфт


Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба ширкат дар ҳамоиши сарони кишварҳои НАТО дар Чикагои Амрико ризоият дод. Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки бар пояи равобити сарди тарафҳо тахмин мерафт, Зардорӣ даъвати НАТО-ро напазирад. Хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки раҳбарони Покистон эҳтимол боз кардани роҳҳои икмолотии НАТО ба воситаи қаламрави кишвари худро баррасӣ мекунанд, ки ним сол пеш, баъд аз ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар ҳамлаи иштибоҳии НАТО баста шуданд.
XS
SM
MD
LG