Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломиён консерти Леди Гагаро дар Ҷакарта манъ карданд


Баъд аз шикояти гурӯҳҳои исломӣ ба баргузории консерти Леди Гага дар Ҷакарта, пойтахти Индонезия, иҷоза дода нашуд. Сухангӯи полиси миллии ин кишвар гуфт, дастикам се созмон исломӣ мухолифати худро ба консерте, ки қарор буд, сеюми июн баргузор шавад, баён дошта, сабки ситораи мусиқии попро танқид кардаанд. Гурӯҳои динӣ гуфтаанд, ҳаросе мавҷуд аст, ки сарулибоси иғвогаронаи овозхон ба ахлоқи ҷавонон таъсири бад хоҳад дошт. Бархе аз исломиёни тундрав, бино бар хабарҳо, таҳид кардаанд, ки ба фурудгоҳи Ҷакарта хоҳанд рафт ва нахоҳанд гузошт, ки Леди Гага аз ҳавопаймо пой бар замин бигузорад. Полис мегӯяд, маҷбур шуд, ба талаби исломгароёни сахтроҳ тан диҳад ва бар пояи нигарониҳои амниятӣ баргузории консертро манъ намояд. Ҳунарнамоӣ дар толори марказии Ҷакарта, қарор буд, ба бузургтарин консерти ӯ дар силсиласафараш ба кишварҳои Осиё табдил ёбад. То лаҳзаи манъи консерт, ташкилкунандагони он 40 000 билет фурӯхтаанд ва ин дар ҳоле ки фурӯши билет ба ин намоиш ба поён нарасида буд.
XS
SM
MD
LG