Шӯрои НАТО тасмим гирифт, ки раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардориро ба нишасти сарони Паймон дар Чикаго даъват кунад. Ин нишаст рӯзҳои 20 ва 21 май баргузор хоҳад шуд.
Аз ин пеш вазири умури хориҷии Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар расман пешниҳод кард, ки интиқоли молу колои Амрико барои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон аз тариқи қаламрави Покистон аз сар гирифта шавад.
Намояндаи НАТО дар Брюссел изҳор намуд, ки Покистон дар ҳалли мушкили Афғонистон нақши муҳимро мебозад.
Интиқоли молу коло барои низомиёни хориҷӣ аз тариқи хоки Покистон ним сол пеш, баъди он мутаваққиф шуд, ки бар асари як зарбаи иштибоҳии ҳавопаймои амрикоӣ 24 сарбози покистонӣ ба ҳалокат расиданд. Баъд аз он Шӯрои НАТО интиқоли борҳо барои Эътилофро аз тариқи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монд.