Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии нархи парвози ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба Русия


Бидуни эълони пешакӣ нархи чиптаҳои парвози масири Русия дар ҳавопаймоҳои ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" 20 дарсад боло рафтаанд. Акнун кирояи парвоз бо ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр" 400 ва "Тоҷик Эйр" 450 евро шудааст. Намояндагони ин ширкатҳо мегӯянд, афзоиши қимати чиптаҳо ба боло рафтани хароҷоти парвоз марбут аст ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтааст, бо сабаби ба хориҷ аз кишвар рабт доштани парвозҳо ин ниҳод наметавонад, ба нархгузорӣ назорат кунад. Афзоиши нархи билетҳои парвоз дар ҳоле иттифоқ афтод, ки ҳазорон нафар баро дарёфти кору даромад роҳи Русияро дар пеш гирифтанд. Солона зиёда аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти пул ба Русия сафар мекунанд.
XS
SM
MD
LG