Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 10 000 нафар дар "сайругашт"-и Маскав


Бино ба хабарҳо, имрӯз дар раҳпаймоии алайҳи Владимир Путин дар Маскав ҳудуди 10 000 нафар ширкат карданд. Пулис шумори раҳпаймоёнро то 2000 нафар баршумурда, гуфт, онҳо кадом мушкили ҷиддие эҷод накарданд. Пулис барои дахолат ба раҳпаймоӣ ё пароканда карданаш талош накардааст. Аксари раҳпаймоён лентаҳои сафед доштанд, ки рамзи ҷунбиши баъди интихоботҳои ахир шаклгирифтаи мухолифини Русия аст. Фаъолон ба хотири боздошт нашудан аз шакли нави эътироз, яъне “сайругашт” кор гирифтанд. Дар “сайругашт”-и имрӯза дар Маскав афроди саршиносе, чун адибон Борис Акунин, Людмила Улитская ва Дмитрий Биков ва овозхон Андрей Макаревич ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG