Нирӯҳои низомии Яман мегӯянд, дар амалиёти дафъи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида аз шаҳри Зинҷибар пешрафт кардаанд. Ал-Қоида ин пойгоҳ дар ҷануби Яманро як сол боз дар назорат нигоҳ медорад. Ба гуфтаи мақомот, нирӯҳои Яман субҳи имрӯз тақрибан 15 ҷангиро кушта, дар ду ҷабҳа дар наздикии Зинҷибар ба пешрафт ноил шудаанд. Амалиёти заминӣ дар пайи силсилаи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико алайҳи ҷангиёни Ал-Қоида дар ҷануби Яман оғоз ёфт. Бар асари ин ҳамалот дар вилоёти Мариб ва Шабво дирӯз дастикам 11 ҷангӣ ва дар 3 ҳафтаи охир 3 узви аршади Ал-Қоида кушта шуданд.