Шаби гузашта бар асари ҳамлаи сел ва аз соҳилаш берун дамидани оби рӯдхонаи Кура дар Тифлис – пойтахти Гурҷистон 5 нафар ҳалок шудаанд. Ожонси ҳолоти изтирории Гурҷистон гуфт, дар ин офат як зан бо 2 кӯдакаш ва як марду як зани кӯҳансол ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи мақомот, сел чандин манзил дар минтақаи Ортачала дар канори Тифлисро хароб кард ва ин 5 тан зери овор монда, тӯъмаи сел шудаанд.