Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози музокироти 3 ҳизби умдаи Юнон


Раисиҷумҳури Юнон Каролос Папоулиас имрӯз музокирот бо 3 ҳизби умдаеро, ки дар интихоботи 6 май орои бештар ба даст оварданд, шурӯъ кард. Ин охирин талош барои ташкили ҳукумати эътилофӣ ва ҷилавгирӣ аз интихоботи нав аст. Кобинаи нав бояд барномаи номаҳбуби коҳиши хароҷотро, ки як шарти идомаи кумакҳои ИА ва Сандуқи байналмилалии пул ба Юнони буҳронзада аст, бипазирад. Аммо таҳлилгарон умедвори пешрафте дар музокироти имрӯза нестанд. Раҳбари ҳизби сотсиалисти ПАСОК Эвангелос Венизелос рӯзи ҷумъа баъди радд шудани пешниҳоди иттиҳодаш аз сӯи раҳбари чапгароёни тундрав Алексис Тсипрас натавонист ба ташкили кобинаи эътилофӣ даст биёбад. Тсипрас шадидан мухолифин тарҳи 130-миллиардевроии кумаки ИА ва Сандуқи пул ба Юнон аст. Буҳрони сиёсӣ боиси уфти қимати саҳом дар бозори Юнон ва ҳам уфти башиддати қурби евро шудааст.
XS
SM
MD
LG