Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар пайи омадани сел дар ҷамоати Шинги ноҳияи Панҷакент як кӯдак ҳалок ва ҳафт тани дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол ёфтаанд. Ин кӯдак, ки риштаи умрашро сел барканд, Аббос Нусратуллоев ном дошта, шашсола будааст.
Дар ин бора Наргис Нурова, масъули дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ин воқеа шоми рӯзи 11-уми май иттифоқ афтодааст. Вай дар идома афзуд, "комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар ҷои ҳодиса аст ва барои бартарафкунии он талош дорад."
Аз ин пештар, яке аз хонандагони торнамои "Озодӣ" низ нома навишта ва вазъиятро ин гуна тасвир карда буд: "Дирӯз бар асари борони зиёд дар ҷамоати деҳоти Шинги Панҷакент сел омад, ки чандин хона ва мавзеъҳоро ба харобазор мубаддал сохт. Дар ҳамон лаҳза як нафар кӯдак чон бохт ва ду навраси дигар дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд. Ҳамасола рӯзи 13-уми май дар ҷаҳон рӯзи модар таҷлил мешавад, аммо ин зани тоҷик имрӯз рӯзи модарро бо мотами фарзанд сипарӣ месозад."
Ба қавли Наргис Нурова боришоти шадид дар Кӯлоб ва бархе дигар аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба манзили зисти сокинон зиён расонида ва роҳҳову купрӯк (пул)-ҳоро хароб кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомот маблағи зиёни расида аз офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали солӣ ҷорӣ 2 миллиону 342 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб бештар дониста мешавад.
Масъулони дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, аммо арқоми зикршуда дар мавриди хисороти офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар ниҳоӣ набуда ва ҳаҷми зарари борон ва сели моҳи апрел баъди ҷамъбаст эълон карда мешаванд.
Аммо боронгариҳои як моҳи ахир ба иловаи хисороти молӣ, талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст. Аз ҷумла, бар асари боронгариҳои шаби 21-уми апрел як нафар дар ноҳияи Шӯрообод ва як тани дигар дар Мӯъминобод ҷони худро аз даст дода буданд. Як сокини деҳаи Тудании ин ноҳияи Шӯрообод бо номи Нурмат, шаби 21-уми апрел бар асари селхезӣ ғарқ шуд ва ҷасади ӯро танҳо субҳи рӯзи 22-юми апрел пайдо карданд.
Ҳамчунин сел боиси ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон ва вайронии зиёда аз 40 хона дар ҷамоаи Косатароши ноҳияи Панҷакент шуд. Ҷавони 20-сола, ки молбонӣ мекард, натавонист, худ ва чорворо аз маҷрои обугил наҷот диҳад.
Аз моҳи январ то ҳоло бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон беш аз даҳ нафар ба ҳалокат расидаанд.