Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИА аз ҳабси мухолифин дар Русия


Иттиҳодияи Аврупо аз боздошти раҳбарони мухолифини Русия ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои озодона баргузор кардани гирдиҳамоиҳо изҳори нигаронӣ кард.

Дар изҳороти раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон аз мақомоти Русия даъват шудааст, ки ӯҳдадориҳои худ дар бахши таъмини озодиҳои
шаҳрвандонро риоя кунанд.

Аз 6 то 9 май кормандони полиси Маскав садҳо ширкаткунандагони намоишҳои мухолифин боздошт карданд. Ду раҳбари мухолифин – Сергей Удалсов ва Алексей Навалний бо иттиҳоми итоат накардан ба полис барои 15 шабонарӯз боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG