Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев ва Парвиз Собиров ба Лондон мераванд


Паҳлавони тоҷик Парвиз Собиров
Паҳлавони тоҷик Парвиз Собиров

Федератсияи байналмилалии дзюдо феҳристи барандагони роҳхатҳоро ба Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон нашр намуд.

Дар феҳристи мазкур Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, ба таври мустақим соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон гардидааст. Ӯ баъди он ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Тошканд дар вазни то 73 кг барандаи медали биринҷӣ шуд, дар рейтинги ҷаҳонӣ ба ҷойи 19-ум (миёни 33 нафар) ва дар рӯйхати олимпӣ ба ҷойи 15-ум баромад.

Бар асоси муқаррароти меъёрҳои олимпӣ дзюдочиёне, ки дар вазни худ дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойҳои аз 1-ум то 22-юмро мегиранд, соҳиби роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Дигар ягон дзюдочии Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ дар вазни худ байни 22 нафар ҷойгир нашудааст.

Парвиз Собиров, паҳлавони дигари тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Тошканд дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило бо медали нуқра сарфароз шуда буд, мувофиқи рӯйхати пешниҳодкардаи Федератсияи дзюдои Осиё дар Олимпиадаи Лондон иштирок хоҳад кард. Ӯ дар мусобиқоти мухталиф ҳамагӣ 164 имтиёзи олимпӣ ба даст овардааст ва дар байни 32 дзюдочӣ дар рейтинги ҷаҳонӣ дар вазни худ дар мақоми 26-ум қарор гирифтааст.

Вале Муҳаммад Абдураҳмонов бошад, ҳамагӣ 151 имтиёзи олимпӣ дорад. Бинобар ин ӯ ба феҳристи Федератсияи дзюдои Осиё дохил нашуд ва аз ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон бенасиб монд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” имрӯз, 11-уми май, Ширинҷон Мамадсафоев, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи дзюдои кишвар, хабар дод. Ӯ афзуд, “то имрӯз варзишгарони Тоҷикистон ба Олимпиадаи Лондон 12 роҳхат ба даст овардаанд. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров ва Ҷаҳон Қурбонов (бокс), Искандари Рустам (гуштии озод), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) мебошанд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Мамадсафоев варзишгарони тоҷик боз дар риштаҳои бокси занона, варзиши сабук, тирандозӣ, камонварӣ ва шиноварӣ имкон доранд, ки ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон-2012 мушарраф шаванд.
XS
SM
MD
LG