Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демпсӣ давраи омӯзишии зиддисломиро маҳкум кард


Мартин Демпсӣ
Мартин Демпсӣ
Раиси Кумитаи муттаҳидаи сарони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Мартин Демпсӣ баргузор кардани курсҳоеро, ки дар онҳо ба афсарон омодагӣ ба ҷанги фарогир бо исломро таълим медоданд, маҳкум кард.

Ин давраи омӯзишӣ дар коллеҷи низомии шаҳри Норфолк (аёлати Вирҷиния) дар бораи ҷанг алайҳи мусалмонҳои осоишта аст. Омӯзгорони коллеҷ аз афсарон даъват мекарданд, ки худро “намояндагони ҳаракати муқовимати зиддиисломӣ” тасаввур кунанд.

Подполковник Матю Делей, масъули ин давраи омӯзишӣ,аз вазифааш барканор шуд.

Ба гуфтаи Мартин Демпсӣ, вазорати дифои ИМА мавзӯи дар дигар коллеҷҳои низомӣ истифода шудан ё нашудани ин давраи омӯзиширо тафтиш мекунад.
XS
SM
MD
LG