Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Раҳимов бо ҷавонон мулоқот мекунад


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Вазири умури дохилии Тоҷикистон бо устодон ва шогирдони донишгоҳҳои кишвар мулоқот анҷом хоҳад дод. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷурму ҷиноят дар миёни ҷавонон, вазири умури дохила Рамазон Раҳимов мехоҳад бо суолҳои донишҷуён посух гуфта ва ба пешниҳодоти онҳо гӯш диҳад. Ба қавли Маҳмадулло Асадуллоев, ба ин мулоқот ҷавонон аз созмонҳои мухталифи ҷавонони кишвар низ даъват шудаанд. Дар ҳоли ҳозир 50 дарсади ҷиноятҳое, ки дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, аз сӯи ҷавонон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG