Чин дар шаҳри Хоруғ-маркази вилояти Бадахшон консулгарии худро боз хоҳад кард. Қодири Қосим-раиси вилояти мазкур дар ин бора дар мулоқот бо соҳибкорон хабар дод. Дар ояндаи наздик дар ин бора вазоратҳои корҳои хориҷаи ҳар ду кишвар мувофиқатнома имзо мекунанд. Ин вилоят бо Чин ҳаммарз аст ва тоҷирони вилоят колоҳои тиҷоратии худро аз Чин ворид мекунанд. Оқои Қосим гуфтааст, то ҳол тоҷирону соҳибкорон барои дарёфти раводиди Чин ба Душанбе мерафтанд. Бо боз шудани консулгарӣ ин зарурат аз миён меравад.