Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 2 бамгузории интиҳорӣ дар Пактико 11 нафар кушта шуданд


Рӯзи панҷшанбе дар вулусволии Яҳёхели вилояти Пактикои Афғонистон бамгузорони интиҳорӣ дар либоси пулис 5 нафаро ба қатл расонданд. Давлат Хон Зардон-раиси пулиси вилоят гуфт, ҳамаи 6 нафар бамгузорони интиҳорӣ дар ҳамлаи ҷавобӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи вай, онҳо ҳамла ба биноҳои идории вилоятро ҳадаф қарор дода будаанд, вале дар посгоҳ ба муқовимат дучор шудаанд. Ду ғайринизомӣ ва се афсари пулис низ дар ин ҳодиса кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG