Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Қурғонтеппа ҷашнвораи театрҳои касбӣ оғоз мешавад


Имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа саввумин ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ ё ҳирфаӣ оғоз мешавад. Ҷашнвораи мазкур ба 15 - ӯмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20 солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ихтисос дорад. Қарор аст, дар ин ҷашнвора 14 театри касбӣ аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат ва намоишномаҳои худро ба ҳаводорон пешкаш кунанд. Дар рӯзи аввал намоишномаи «Куруш ва Томирис»-и театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе ба намоиш медарояд.

Нахустин ҷашнвораи театрҳои касбии Тоҷикистон соли 2006 ба 2700 солагии шаҳри Кӯлоб ихтисос дошт ва ҷаншвораи дуввум ду сол пеш дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG