Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба мулоқоти Обама намеравад


Кремл тасдиқ кард, ки президент Владимир Путин дар нишасти кишварҳои Гурӯҳи ҳаштгона дар наздикии Вашингтон иштирок нахоҳад кард. Ин нишаст қарор буд мулоқоти рӯбарӯи президентони ИМА ва Русияро низ дар бар гирад. Дар изҳороти Кремл гуфта шудааст, ки Путин аз ширкат дар ин мулоқот даст мекашад, чун машғули ташкили ҳайати ҳукумати нав мебошад. Путин гуфтааст, ки ба ҷо ӯ дар ин нишаст нахуствазири тозатаъйин Дмитрий Медведев ширкат мекунад. Ба иттилои Кохи Сафед, дар ҷараёни сӯҳбати телефонии рӯзи 9 май Путину Обама ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳошияи нишасти кишварҳои Гурӯҳи бистгона дар Мехико 19 ва 19 июн сӯҳбат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG