Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Расмуссен дар Кохи Сафед мулоқот карданд


Дар остонаи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви НАТО президент Барак Обама 9 май дар Кохи Сафед Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулии паймони НАТО-ро ба ҳузур пазируфт. Қарор аст мулоқоти раҳбарони НАТО 20-21 май дар шаҳри Чикагои Амрико баргузор шавад.

Дар эъломияе, ки Кохи Сафед қабл аз оғози мулоқоти Обама ва Расмуссен ба нашр расонд, гуфта мешуд, ки ин ду нафар омодагиҳои ахир ба мулоқоти НАТО дар Чикагоро баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки дар ин мулоқот масъалаи Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор бигирад ва дар он ҷузъиёти хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон баррасӣ шавад.

Ҳоло тақрибан 130 000 нируҳои хориҷӣ як ҷо бо ҳудудан 350 000 нафар нируҳои амниятии Афғонистон бар зидди тундравони Толиб ва Ал Қоида меҷанганд.
XS
SM
MD
LG