“Истиқлол”-и Душанбе имрӯз дар даври дувуми сабқати интихобӣ барои Ҷоми раиси АФК(Конфедеросиюни футболи Осиё) бар тими “Балкан” аз Туркманистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Тӯбҳои “Истиқлол”-ро Юсуф Рабиев ва Дилшод Восиев (аз зарбаи 11-метра) заданд. “Истиқлол” ба ин тартиб, дар гурӯҳи С соҳиби ҷои аввал шуд ва ба марҳалаи ниҳоии Ҷом роҳ ёфт. Роҳхати дувумро аз ин гурӯҳ тими фаластинии “Ал-Амморӣ” ба даст овард.