Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти ҳизби Милошевич аз номзадии Тадич


Тадич ва Николич
Тадич ва Николич
Ҳизби сотсиалисти Сербистон, ки як замон раҳбараш Слободан Милошевич буд, розӣ шуд, то рӯзи 20 май дар даври дувуми интихобот аз номзадии раисиҷумҳури рӯ ба Ғарб Борис Тадич ҳимоят кунад. Ҳизби демократи Тадич гуфт, демократҳо бо сотсиалистҳо, ки дар интихоботи 6 май ҷойҳои дувум ва севумро гирифтанд, ҷиҳати эҳёи эътилоф тавофуқ кардаанд. Ин иқдом пеши роҳи вуруди барандаи интихобот – ҳизби ростгарои тараққӣ ба ҳукуматро мегирад. Тадич дар даври дувум барои курсии раёсат бо номзади ҳизби тараққӣ Томислав Николич вориди рақобат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG