Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар Шӯравии собиқ


Гашти низомӣ дар Маскав
Гашти низомӣ дар Маскав
Русия ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ имрӯз аз солгарди 67-уми пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳон бо баргузории гаштҳои низомӣ таҷлил карданд. Русия гашти низомиро бо намоиши техникаи низомӣ, бо шумули мушакҳои раҳбурдии «Топол-М» ва «Искандар» ва шабакаи зиддимушакии S-400 дар майдони Сурхи Маскав доир кард. Дар ин маросим раисиҷумҳури нави Русия Владимир Путин гуфт: «Мурооти шадиди меъёрҳои байналмилалӣ ва эҳтироми истиқлоли кишварҳо ва интихоби озодонаи ҳар миллат – ин аст як замонати аслӣ, ки фоҷиаи ҷанги гузашта дигар такрор нахоҳад шуд.» Дар Ғарб Рӯзи пирӯзӣ бар Олмонро 8 май таҷлил мекунанд.
XS
SM
MD
LG