Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 миллион доллар қарзи нави IMF ба Тоҷикистон


Сандуқи байналмилалии пул(IMF) дар пайи арзёбии шашуми арқоми иқтисодии Тоҷикистон ҷиҳати ироаи боз 20,2 миллион доллар қарз ба ин кишвар тасмим гирифт. Воми мазкур бахше аз барномаи «Механизми васеъи вомдиҳӣ»-ст, ки се сол боз амалӣ мешавад ва дар чаҳорчӯби он Сандуқи пул то имрӯз ба Душанбе 161,9 миллион доллар қарз додааст. Ин ниҳоди молӣ дар пешбинии ахираш гуфт, суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон имсолу соли оянда 6 дарсадро ташкил дода, ҳамчунон сахт вобастаи пули муҳоҷиронаш боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG