Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздҳо дучархаро ба сайёҳи хориҷӣ баргардонданд


Наврасоне, ки дучархаи ҷаҳонгарди австриягӣ Йоҳанес Листро рабуда буданд, аз карда пушаймон шудаанд.

Сайёҳи австриягӣ ва меҳмони шаҳри Душанбе Йоҳанес Лист ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дучархаи рабудашудаашро барояш бозгардондаанд. Вай гуфт, наврасоне, ки дучархаро дуздида буданд, аз ӯ узрхоҳӣ кардаанд ва ҳеҷ яке аз абзору колои дучарха гум нашудааст.

Ин хабар ба мо дар ҳоле расид, ки хонандагони торнамои Радиои Озодӣ гуфтанд, мехоҳанд ба сайёҳи австриягӣ, ки дучархааш дар Душанбе дуздида шудааст, кӯмак кунанд. Даҳҳо нафар аз Хонандагони торнамои Озодӣ навиштаанд, ки аз рабуда шудани дучархаи Йоҳанес Лист, сайёҳ ва шаҳрванди Австрия хеле нороҳатанд ва мехоҳанд, барои ӯ дучархаи нав тақдим намоянд. Яке аз онҳо бо номи Сӯҳроб хоҳиш кардааст, телефон ё адреси Листро барояш пайдо кунем ва ӯ омодааст, бо арзи бахшиш аз рафтори бехирадонаи ҳамватанонаш дучархаи худро, ки аз Ҷопон овардааст, ба ӯ тақдим намояд.

Чандин нафари дигар дар шарҳҳои худ дуздида шудани дучархаи ҷаҳонгарди австриягиро маҳкум кардаанд ва як шармсорию беобрӯйӣ барои Тоҷикистон номидаанд. Яке аз хонандагон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кард, то дучархаро пайдо кунанд ё дар ивазаш як дучархаи дигар ба сайёҳе тақдим доранд, ки аллакай 12 кишварро бо дучарха сайр карда, мехоҳад, саёҳаташро идома диҳад.

РАБУДА ШУДАНИ ДУЧАРХАИ САЙЁҲ

Дар Душанбе дучархаи Йоханес Лист, сайёҳ ва шаҳрванди Австрия рабуда шудааст. Ӯ дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ният доштааст, бо дучархаи худ аз тамоми кишварҳои ҷаҳон дидан намояд.

Аммо пас аз пушти сар кардани 12 000 километр ва 12 кишвари ҷаҳон, ду рӯз қабл, дучархаи ӯ дар наздикии яке аз тарабхонаҳои Душанбе рабуда шудааст. Ҷаноби Йоханес мегӯяд, ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе муроҷиат кардааст, аммо дучарха то ҳол пайдо нашудааст.

Бо ҳадафи пайдо кардани дучарха, Ҷаноби Йоханес ҳамчунин тавассути матбуот ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат кард ва акси дучархаи худро ба намоиш гузошт. Аммо ин тадбир низ то ҳол самар надодааст. Сайёҳи австриягӣ барои пайдо кардани дучархааш 600 доллар ҷоиза муайян кард. Аммо то ҳанӯз ҳеҷ кас барои дарёфти ин маблағ ҳавасмандӣ нишон надодааст. Йоханес ҳудудан 11 моҳ пеш ба сафари ҷаҳон баромад.

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАҲОНГАРДӢ

Мақомоти тоҷик бар ин назаранд, ки дар муддати 4 соли ахир соҳаи туризм дар ин кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ва табиати «афсонавӣ» - и Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳонгардони дохилӣ ва хориҷӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2008 теъдоди ҷаҳонгардон ба ним миллион нафар расида буд, аммо паёмади бӯҳрони ҷаҳонии моливу иқтисодӣ то ҷое монеи ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон шуд ва дар солҳои баъд ин раванд рӯ ба коҳиш ниҳод.

Тибқи омори расмӣ, соли 2010 ба Тоҷикистон беш аз 220 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сафар кардааст, ки аз ин 160 ҳазорро сайёҳону ҷаҳонгардон ташкил додааст. Аммо ин рақам дар соли 2011 афзоишро нишон додааст, зеро танҳо дар шаш моҳи соли 2011 Тоҷикистон ҳудуди 140 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сафар кардааст, ки беш аз 110 ҳазори он саёҳон мебошанд.

Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси Барнома ва Консепсияи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон, қарор аст то соли 2020 шумораи туристон марҳала ба марҳала ба 1 миллион нафар расонида шавад.
XS
SM
MD
LG