Рӯзномаи “New York Times” гузориш додааст, ки як агенти дугонаи Арабистони Саудӣ ба созмони Ал Қоида дар Яман роҳ ёфтааст ва барои пешгирӣ аз инфиҷори ҳавопаймои Амрико кӯмак кардааст. Мақомоти расмии Амрико гуфтаанд, ин шаҳрванди Саудӣ довталабона масъулияти бамгузори интиҳориро бар дӯш гирифтааст ва баъдан маълумотро дар бораи амалиёти инфиҷори ҳавопаймо ва раҳбарони Ал Қоида ба хадамоти кашфи Арабистони Саудӣ ва Амрико фиристодааст. Мақомоти Амрико мегӯянд, ин маълумот ба онҳо кӯмак кардааст, ки бо ҳавопаймои бесарнишин рӯзи якшанбе ба афроди Ал Қоида ҳамла кунанд ва Фаҳд Муҳаммад Аҳмад ал Қусо-раҳбари амалиёти хориҷии Ал Қоидаро ба қатл расонанд. Вай дар вилояти Шабво кушта шуд ва аз инфиҷори ҳавопаймо пешгирӣ ба амал омад.