Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи зиндониёни сиёсии Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад


Ҳафтаи оянда, 15 май Кумиссиюни Ҳелсинкӣ роҷеъ ба вазъи зиндониёни сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ҷаласае баргузор хоҳад кард. Ин кумиссиюн бо номи Кумиссиюни Амният ва Ҳамкории Аврупо низ шинохта мешавад. Дар хабаре, ки дар робита бо ин ҳамоиш ин кумиссиюн пахш кардааст, гуфта мешавад, Узбакистон ва Туркманистон бештар аз ҳар кишвари дигари Шӯравии пешин зиндонии сиёсӣ доранд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳам фарқ мекунанд, бо вуҷуди ин вазъи зиндониёни сиёсӣ дар ин панҷ кишвар яксон нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Дар ёддошти Кумиссиюни Ҳелсинкӣ омадааст, дар Узбакистон фаъолони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон, аъзои гурӯҳҳои мазҳабӣ қурбони маҳдудиятҳо дар қонун ва сиёсатҳои мавҷуда шудаанд.

Аммо дар Туркманистон мухолифони сисёсӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар мавриди таъқиб қарор гирифтаанд.

Дар Қирғизистон баъд аз даргириҳои қавмии миёни қирғизҳову узбакҳо дар моҳи июни соли 2010 ба узбактаборон ва фаъолони ҳуқуқи башар, ки аз онҳо ҷонибдорӣ мекунанд, шубҳаомез менигаранд.

Дар хабари матбуотӣ омадааст, дар Тоҷикистон дар қонун дар бораи дин маҳдудият ворид кардаанд ва дар Қазоқистон шахсиятҳои мухолифи сиёсиро ҳамзамон бо саркӯби хушунатомези эътирозгарони шаҳраки Жаноазен ба зиндон андохтанд. Соли гузашта тазоҳуроти эътирозии коргарони ин шаҳраки нафтхез бераҳмона саркӯб шуд.

Ҳукуматҳои ҷамоҳири Осиёи Марказӣ иддао мекунанд, ки таъмини оромӣ ва мубориза бар зидди тундгароӣ дар садри барномаҳояшон қарор дорад ва ба ин баҳона фаъолиятҳои сисёсӣ, матбуоти мустақил, ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии дину эътиқодро маҳдуд мекунанд, ки чунин равиш метавонад натиҷаҳои баръакс ва манфӣ ба бор орад.

Дар ҳамоиши 15 май чунин равандҳо ва ҳамчунин шароити нигаҳдории зиндониёни сисёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG