Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир: "Масъалаи роҳи пулакиро аз IRS пурсед"


Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ба бештар аз чиҳил саволи хонандагони торнамои “Озодӣ” посух гуфт.

Дар тӯли тақрибан як моҳ ба унвони вазири нақлиёти Тоҷикистон бештар аз 40 савол ворид шуд, ки аксари онҳо ба вазъи роҳҳои мошингард, нақбҳо, нархи чиптаи ҳавопаймоҳо, роҳи пулакӣ ва ғайра рабт доранд.

Низом Ҳакимов ба саволи яке аз хонандагон дар робита ба ворид шудани маблағҳо аз созмону бонкҳои хориҷӣ ба буҷаи вазорати нақлиёт гуфтааст, "аз ҷониби ягон бонки хориҷӣ ба вазорати нақлиёт барои таъмиру сохтмони роҳҳо ба таври мустақим маблағ пардохт карда намешавад. Дар сурати аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ мабалғгузорӣ шудани иншоот тибқи талаботи озмуни хариду фурӯши байналмилалӣ (МКТ) барои интихоби ширкати паймонкор озмун гузаронда мешавад. Маблағҳо ба ширкати паймонкори ғолиб марҳила ба марҳила вобаста ба иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби бонки хориҷӣ мустақиман пардохт карда мешаванд.”

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ишора ба саволҳои хонандагон дар бораи вазъи роҳҳои мошингарди кишвар, аз ҷумла пойтахт афзудааст, ӯ ҳам мисли дигарон аз ин роҳҳо истифода мебарад ва аз ҳоли онҳо огоҳӣ дорад: “Мисли ҳама шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз роҳҳои Душанбе низ истифода мекунам ва аз вазъи онҳо хабар дорам. Чун зимистони имсола хеле сарду сербориш омад, вазъи роҳҳо, аз ҷумла, роҳҳои пойтахт, хароб шуданд. Имрӯзҳо дар аксари роҳҳои Душанбе корҳои таҷдиду бозсозӣ аз тарафи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои шаҳри Душанбе идома доранд ва дер нест, ки ҳамаи ин роҳҳо барқарор шаванд.”

Посухҳои комили Низом Ҳакимов ба саволи хонандагони торнамои "Озодӣ"-ро дар ин ҷо хонед.

Низом Ҳакимов моҳи феврали соли 2011-ум бо фармони раисиҷумҳур вазири нақлиёти Тоҷикистон таъйин шуда, дар ин мақом Олим Бобоевро иваз карда буд.

Ҷаноби Ҳакимов дар ҳоле ба ин вазифа омад, ки вазорати нақлиёту мухобирот ба "вазорати нақлиёт" ва "Хадамоти алоқа" тақсим шуд.

Низом Ҳакимов рӯзи чаҳоруми октябри соли 1962 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Вай соли 1983 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо тахассуси муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст.

Фаъолияти кории Низом Ҳакимов дар даврони Шӯравии пешин дар вазорати роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон оғоз шуда, то соли 2001 дар вазифаҳои мухталиф дар ин вазорат ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2001 то 2011 дар симмати директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ифои вазифа намудааст.
XS
SM
MD
LG