Пайвандҳои дастрасӣ

Баъзеҳо кӯҳҳои осмонбӯсу об ва бархеи дигар ҳам фарҳангу адаби ин миллатро мояи ифтихор медонанд.

Ин навбат хабарнигори "Озодӣ" аз раҳгузарони хиёбонҳои пойтахт пурсид, ки мардуми Тоҷикистон бояд бо чӣ ифтихор кунанд? Яке аз назардиҳандагон мегӯяд, "Тоҷикистон кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва умуман мардуми хуб дорад. Аз ин мардум ва Тоҷикистон бояд ҳамеша фахр кард."

Бархеи дигар ба ин назаранд, ки мардуми тоҷик бояд бо тамаддуну фарҳанг ва адаби худ ифтихор дошта бошанд, ки ҷаҳонгир аст. “Ба Рӯдакӣ, ба олимон, ориёӣ будан бояд ифтихор кунем”,-таъкид мекунад як ҳамсӯҳбати мо.

Дигаре меафзояд, "дунё бо олимони тоҷик ифтихор мекунад. Мо чӣ гуна бо Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтихор накунем?" Парчами баландтарин ва китобхонаи бузурги миллӣ ҳам ба бовари ҳамсӯҳбатони бояд аз ҷумлаи ифтихороти тоҷикон бошад.

Як гурӯҳи дигар таҳаммулу меҳрубонӣ ва меҳмоннавозии тоҷиконро ифтихори ин мардум мешуморанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ба гуфтаи онҳо, дар тамоми ҷаҳон маъруф аст, ифтихор мекунанд.

Як ҷавон дар ин маврид ба заҳмати муҳоҷирони тоҷик ишора кард, ки "Русияи нав бо дасти онҳо бунёд мешавад ва он ифтихори ҳамаи тоҷикон бояд бошад." Иддае ҳам гуфтанд, ки тоҷикон чизе барои ифтихор кардан надоранд, ҷуз оворагиву фақру саргардонӣ.

Аммо худи Шумо чӣ назар доред: Мардуми Тоҷикистон бояд бо чӣ ифтихор дошта бошад?

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG