Дар Афғонистон гузоришгари хабаргузории нимарасмии “Форс”-и Эрон ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шудааст. Як мақоми амниятии Афғонистон, ки нахостааст аз вай ном бибаранд, ба Би Би Си гуфтааст, ки гузоришгар барои ифшои маълумоти сиррии ҳукуматӣ ба Эрон” боздошт шудааст.
Хабаргузории Форс таъйид кардаааст, ки Абдулвоҳид Ҳакимӣ-мудири дафтари ин хабаргузорӣ дар Кобул боздошт шудааст ва ба маҳали номаълум бурда шудааст. Хабаргузорӣ аз қавли хонуми Ҳакимӣ навиштааст, ки Ҳакимӣ шаби рӯзи шанбе ба таври мухтасар бо хонумаш телефонӣ сӯҳбат кардааст ва гуфтааст, ки вайро нируҳои амниятӣ боздошт кардаанд.