Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) ба додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе аз додситонии кулл шикоят бурдааст. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ гуфт, ҳадаф маълум кардани қонунмандии тафтиши фаъолияти ин ташаккули умдаи мухолифин аз сӯи додситонии кулл дар моҳи январ аст.
Сомонаи Звезда.ру ахиран аснодеро нашр кард, ки мегӯяд, протоколи як маҷлиси махфии кобинаи амниятии Эмомалӣ Раҳмон аст. Тибқи ин санад, ба мақомоти интизомӣ барои тафтиши фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ амри вижа шудааст. Масъулини ҲНИТ тафтиши ҳизб аз сӯи додситониро ба ҳамин протоколи пурсарусадои 32-20 рабт медиҳанд.