Имрӯз дар Тоҷикистон аз Рӯзи радио таҷлил карданд. Ин таърих мероси замони шӯравист ва марбут ба кашфи нахустин мавҷгири радио аз сӯи физики рус Александр Попов дар соли 1895. Аммо дар Ғарб ҳамчун кашшофи радио муҳандиси итолиёӣ Гулелмо Маркониро эътироф мекунанд, ки низ дар ҳамон соли 1895 ба ин кашфиёт даст ёфтааст. Феълан дар Тоҷикистон 18 шабакаи радиоӣ амал мекунад, ки аксараш хусусианд.
Таҷлил аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон
