Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ҷаҳон Ҳолландро табрик гуфтанд


Франсуа Ҳолланд
Франсуа Ҳолланд
Раҳбарони ҷаҳон Франсуа Ҳолландро бо пирӯзӣ дар даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса табрик карданд. Вазири хориҷаи Олмон Гвидо Вестервелле пирӯзии Ҳолландро “рӯйдоди таърихӣ” номид ва гуфт, кишварҳо бояд дар амри кумак ба ИА ҷиҳати рафъи буҳрони қарзҳо ҳамкорӣ кунанд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳам, бо вуҷуди шикасти муттаҳиди наздиктаринаш Никола Саркозӣ. Ҳолландро барои музокирот ба Берлин даъват кард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар канори муборакбодӣ аз Франсуа Ҳолланд даъват кард, ки ҳанӯз қабл аз нишасти сарони G8 ва НАТО, ки баъди ду ҳафта дар Амрико мегузаранд, аз Кохи Сафед боздид кунад.
XS
SM
MD
LG