Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби раиси ҷамъияти узбактаборони Хатлон


Cалим Шамсиддинов
Cалим Шамсиддинов

Раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон мавриди лутукӯби афроди номаълум қарор гирифтааст.

Раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон дар он рӯз, ки мавриди латукӯби афроди номаълум қарор гирифт, аз мақоми муовинати раисии ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон барканор шудааст.

Салим Шамсиддинов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, тақрибан соати 14:30-и баъд аз зӯҳри рӯзи шанбе, 5 май, дар наздикии манзили зисташ, дар рӯ ба рӯи бинои идораи амнияти миллии вилояти Хатлон аз ҷониби се нафари ношинос латукӯб шудааст. Шамсиддинов аз ноҳияи сар ва пойҳояш ҷароҳат бардоштааст.

Раиси узбактаборони Хатлон афзуд, афроди ҳамлагарро намешиносад, аммо онҳо тануманд буданд ва зоҳиран ӯро соатҳо дар назди манзилаш мунтазир будаанд.

Аммо Салим Шамсиддинов ҳоло дар хонаи худаш муолиҷа мегирад, зеро бо таъкид ба таъмин набудани бехатарияш аз бистарӣ шудан дар бемористони Қӯрғонтеппа худдорӣ кардааст: “Дар шифохона табобат гирифтан хатарнок аст, як сӯзандору мегузаронанд, мурдан мумкин. Мутмаин ҳастам, ки ин ҳамла фармоишист, зеро дар ин замон касе ба касе беҳуда, бидуни фармоиш, дар рӯзи рӯшан, нотарсида дар пеши бинои КГБ ҳамла намекунад. Шоҳидон мегӯянд, ки се ҷавонмарди ҳузарб, ҷисман обутобёфта маро латукӯб кардаанд. Вақте бо труба ба сарам заданд, аз ҳуш рафтам, бедор шудам, ки рӯйи сарам табибони “Ёрии таъҷилӣ” ва кормандони милиса истодаанд. Агар ҳамон корманди милиса намебуд, шояд маро мекуштанд...”

Ҳангоми латукӯб шудани ҷаноби Шамсиддинов як корманди ШКД-и Қӯрғонтеппа, ки аз маҳалли ҳодиса мегузашт, ба кӯмакаш расидааст, ки дар натиҷа афроди ҳамлавар фирор карданд. Шоҳидон мегӯяд, ду нафар аз ҳамлаварон ҳангоми фирор ба худрави ғолибан тамғаи Мерседес савор шуда ва яке дигар пиёда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Масъулони ШКД-и Қӯрғонтеппа аз шарҳи ҳодисаи латукӯби раиси ҷамъияти узбактаборони Хатлон худдорӣ намуданд, аммо гуфтанд, ки айни ҳол тафтиши ин ҳодиса ва ҷустуҷӯи ҳамлаварон ҷараён дорад.

Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши хатлонии ҲНИТ
Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши хатлонии ҲНИТ
Дар ҳамин ҳол, Қамариддин Афзалӣ, раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, солҳои охир чандин ҳодисаи латукӯбу ҳамла ба афроди соҳибназар дар Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки агар ҳам ангезаи сиёсӣ надошта бошад, ба обрӯи кишвар ва мақомоти он латма мезанад: “Мо ва мақомотҳои дахлдор зиёдтар бояд кӯшиш кунем, ки воқеиятро бишнавем ва мувофиқи ҳамин воқеиятҳо ба вазъият баҳо диҳем. Мутаассифона, чунин ҳолатҳои ҳамла ба одамоне, ки фикри шахсии худро озодона баён мекунанд, танқид мекунанд, дар Тоҷикистон рух медиҳад. Мисоли рӯшанаш ҳамла ба сардабири нашрияи ҳизбии мо – “Наҷот” аст, ки то ҳол шахсияти ҳамлаварон номаълум боқӣ мемонад. Баъзе ғараздорҳо ва нафароне, ки дар камин нишастаанд, аз чунин ҳолатҳо истифода мекунанд. Аз ин рӯ, бояд мо ва мақомоти давлат боэҳтиёт бошем. Зеро дар халқ мегӯянд, ки гунаҳкор як нафар аст (ва он ҳам шояд пайдо нашавад), аммо гумонбар ҳазор нафар мешавад.”

Аммо худи Салим Шамсиддинов ин ҳамларо ба мусоҳибаҳои ахираш дар матбуот, ки аз мақомоти давлати Тоҷикистон интиқод карда буд, рабт медиҳад. Агарчанде моҳе пеш аъзои ҷамъияти узбактаборон дар мактуби саркушодае ба унвонии Ислом Каримов, раисҷумҳурии Узбакистон, аз ӯ хостори тағйири “муносибати шадиду боғаразонааш” нисбати Тоҷикистон шуда буданд, аммо ҳафтае пеш Салим Шамсиддинов бархе мақомоти баландпояи Тоҷикистонро дар “миллатгароӣ” муттаҳам кард.

Вай дар мусоҳибааш бо нашрияи “Миллат”, чопи Душанбе, аз “мавқеъгириҳои нодуруст”-и ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Узбакистон интиқод кард, ки “боиси ба сардӣ гаравидани муносиботи ду кишвар шудааст”. Салим Шамсиддинов ҳамчунин ба сохтмони зудҳангоми нерӯгоҳи Роғун ибрози шубҳа намуда, ба нақзи ҳуқуқи узбактаборони вилояти Хатлон аз ҷониби амалдорони тоҷик ишора кардааст.

Аммо Муҳаббат Мирзоалиева, раиси Ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон, дар посух ба баёнияҳои Салим Шамсиддинов навиштааст, ки ин андешаҳои хоси худи ӯ буда, набояд ҳамчун мавқеи расмии аъзои ҷамъияти узбактаборон талаққӣ шавад. Вай гуфтааст, ки “ҷамъияти узбактаборони кишвар аз Салим Шамсиддинов пуштибонӣ намекунад ва ба чунин изҳори назари ӯ баҳои сиёсӣ дода хоҳад шуд”. Ин баҳсҳо аз вуҷуди ихтилофи назарҳо дар миёни раёсат ва аъзои ҷамъияти узбакзабонҳои Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.

Рӯзи 5-уми май дар як ҷаласаи изтирории Ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон Салим Шамсиддинов аз мақоми муовинати раиси ҷамъияти узбактаборони ҷумҳурӣ ва раисии ин ҷамъият дар вилояти Хатлон барканор шудааст.
Салим Шамсиддинов дар ин иртибот гуфт: “Ба ман хабар расид, ки маро ноҳақ бароварда, дар ғайбам ҷаласаи ҷумҳуриявии ҷамъиятро доир карда, аз вазифаам гирифтаанд. Онҳо аз вазифаи ҷонишинии раиси Ҷамъият сабукдӯш карда метавонанд, аммо аз мақоми раисии созмони хатлонии ҷамъият не. Ташкилоти мо алоҳида аст, комиҷроияи худро дорад. Онҳо инро сарфаҳм намераванд...”

Салим Шамсиддинови 57-сола, ҳуқуқшинос ва муфаттиш аз соли 2004 ба ин сӯ раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, ҳамзамон дар як соли охир вазифаи муовини раиси Ҷамъияти узбакзабонони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Ба гуфтаи ҷаноби Шамсиддинов, “ҳадафҳои оинномавии ҷамъияти узбактаборон таҳкими демократия, башардӯстӣ, ошкорбаёнӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳанги узбакзабонони Тоҷикистон мебошад.”
XS
SM
MD
LG