Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти маводи нафтӣ 118 миллион $ шудааст


Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали сол аз хориҷ ба маблағи умумии 118 миллион доллар 386,6 ҳазор тонна маводи нафтӣ ворид кардааст. Хабаргузории Авесто менависад, ҳаҷми воридоти маводи сӯхти Тоҷикистон назар ба содироти пахтааш, ки 68,7 миллион долларро ташкил дод, қариб 2 маротиба бештар аст. Тоҷикистон 80 дарсади бензину соляркаи мавриди ниёзашро аз Русия ворид мекунад. Маскав 2 сол боз рӯи содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ эъмол кардааст, ки боиси хези башиддати нархи бензину дизел дар ин кишвари фақири Осиёи Марказӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG