Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоиҳои хурди зидди Путин дар шаҳрҳои Русия


Мухолифони Русия мехоҳанд дар Маскав ба нишони эътироз аз расми савганди Владимир Путин барои давраи савуми президентӣ зери унвони “Раҳпаймоии миллионҳо” тазоҳурот барпо кунанд. Мақомоти расмӣ ба ин маърака иҷозат дода, вале шумораи ширкаткунандагони онро ба 5 000 нафар маҳдуд кардааст. Раҳпаймоиҳои ҳимоят аз ин ташаббус дар дигар шаҳрҳои Русия низ баргузор шуд. Дар Томск 150 нафар дар маркази шаҳр раҳпаймоӣ карданд. Дар Владивосток шаш нафар барои тазоҳуроти беиҷозат боздошт шуданд. Даҳҳо нафар дар Кемерово гирдиҳамоӣ доир кардаанд. Тарафдорони Путин дар Поклоная Гораи Маскав ҷамъ омаданд, то солгарди таъсиси Ҷабҳаи халқии Русияро ҷашн гиранд. Мақомот гуфтаанд, барои ин ҷамъомад иҷозат зарур нест.
XS
SM
MD
LG