Додгоҳ дар Афғонистон падаршӯ ва хушдомани арӯси 15-сола Саҳаргулро барои шиканҷа бадрафторӣ нисбати ӯ ба 10-солии зиндон маҳкум кард. Ифшо шудани бераҳмиҳои гӯшношудни нисбати Саҳаргул дар моҳи декабри соли гузашта мавҷи эътирозҳои маҳкумкунандаро дар саросари ҷаҳон ба амал овард. Додгоҳ ҳамчунин хоҳаршӯи Саҳаргулро барои 10 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Сухангӯи Додгоҳи олии Афғонистон гуфт, шавҳар ва бародаршӯи Саҳаргул, ки пинҳон гаштаанд, низ ғоибона айбдор дониста шуданд ва б аъд аз боздошташон маҳкум хоҳанд гашт. Мақомот мегӯянд, шаҳвари Саҳаргул ва хешонаш ӯро баъд аз никоҳ шаш моҳ дар таҳхона нигоҳ дошта ва барои маҷбур кардан ба фаҳшо шиканҷа медодаанд.