Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо дар Ҳалаб ва маркази Димишқ, пойтахти Сурия


Таркиши як мошини бомбгузоришуда дар шаҳри шимолии Ҳалаби Сурия панҷ кушта ба ҷой гузошт. Дар Димишқ, пойтахти ин кишвар таркиш дар майдони маркази шаҳр бино ва мошинҳоро тахриб кард, аммо талафоти ҷонӣ надошт. Инфиҷорҳо дар ҳоле ба амал меоянд, ки 50 нозири Созмони Милал оташбаси Сурияро, ки аз 12-уми апрел сар шудааст, зери назар доранд. Созмони Милал мегӯяд, дар 14 моҳи эътирозҳои зидди режими Сурия зиёда аз 9000 нафар дар ин ҷо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG