Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пойтахти Миср шабгардӣ манъ шуд


Ҳокимони ҳарбии Миср баъд аз даргириҳо миёни полис ва тазоҳуркунандагоне, ки поёни фаврии ҳокимияти ҳарбиро талаб доранд, дар атрофи бинои вазорати дифои ин кишвар дар Қоҳира қуюди шабгардӣ эълон карданд. Гуфта мешавад, дар ин даргириҳо як корманди полис кушта ва баъд аз он ки дар муқобили тазоҳуркунандагон аз мошини обпош, гази ашковар ва тирҳои ҳақиқӣ истифода шуд, садҳо нафар захмӣ гаштаанд. Дар даргириҳои рӯзи 2-юми май дар ин ҷо 11 тан кушта шуданд. Кумитаи дифоъ аз журналистон мегӯяд, 18 хабарнигор низ дар се рӯзи ин рӯйдодҳо латукӯб ё боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG