Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии рақибони Аҳмадинажод дар даври дуюми интихобот


Дар Эрон натиҷаҳои ибтидоии даври дуюми интихоботи порлумонӣ нишон дод, ки мухолифони раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод бартарии бештар ба даст овардаанд. Расонаҳои ахбори оми Эрон мегӯянд, 20рақиби раисиҷумҳури Эрон ва 8 тарафдори ӯ дар ин корзор пирӯз шудаанд. 11 курсии порлумон ба дасти номзадҳои мустақил мегузарад. Раъйдиҳи такрорӣ дар 65 ҳавза ҷараён гирифт. Ин дар ҳолест, ки дар даври аввали интихобот ба шӯрои иборат аз 290 узв низ асосан мухолифони Аҳмадинажод пирӯз гаштаанд. Бо вуҷуди ширкат дар раъйдиҳӣ эрониҳо гуфтаанд, интихобот тағйиреро дар ҳаёти онҳо ба бор нахоҳад овард.
XS
SM
MD
LG