Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломияи Афви байналмилал роҷеъ ба Тоҷикистон


Имрӯз созмони Amnesty International ё Афви Байналмиллал эъломияе нашр ва аз Тоҷикистон хост, ки ба ваъдаҳои худ содиқ бимонад ва ба шиканҷаву озори боздоштшудагон хотима диҳад. Ин эъломия дар ҳоле пахш шуд, ки қарор аст моҳи июни соли ҷорӣ ҳайате аз ин созмон аз Тоҷикистон боздид ба амал орад.

Дар ин эъломия омадааст, мақомоти интизомии Тоҷикистон боздоштшудагонро қабл аз судури ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳҳо мавриди шиканҷа ва азияту озори дардовар қарор медиҳанд то аз чунин роҳҳо эътирофоти онҳоро ба даст оранд.

Хонум Речел Буглер-пажуҳишгари масоили Тоҷикистон дар Афви Байналмиллал
гуфт, аз роҳи шиканҷа ба даст овардани эътирофоти боздоштшудагонро намунаи заъфияти мақомоти интизомӣ ва кормандони адлияи Тоҷикистон ва умуман ин система медонад.

Вай афзуд, агар шумо системаи муназзам надошта бошаед, мардуми шумо ба нируҳои пулис бовар намекунанд ва ин масъалаи мавриди нигаронист.
XS
SM
MD
LG