Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи шанбе дар Доғистон рӯзи мотам эълон шуд


Саҳнае баъд аз таркиш
Саҳнае баъд аз таркиш
Ҷумҳурии Доғистони Русия шанберо рӯзи мотам эълон кардааст. Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Махачқалъа-маркази ин ҷумҳурӣ ду инфиҷор рух додааст ва дар он 14 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, аввал мошини бамгузоришудае дар назди посгоҳи пулис бозистодааст ва мунфаҷир шудааст. Сипас мошини дигари бамгузоришуда баъд аз 25 дақиқа ба ҷои ҳодисаи аввал расидааст ва он ҳам таркидааст. Чанд нафар аз кормандони интизомӣ ва бозрасон ба қатл расидаанд. Бештар аз 100 нафар дар ин ду ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд. Вазири корҳои дохилаи Доғистон тундравҳои исломиро дар ин бамгузориҳо гунаҳгор донистааст.
XS
SM
MD
LG