Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнияти тоҷирон, консертҳо ва футбол ба дасти кист?


Хадамоти хусусӣ ва ё алтернативии нигаҳбонӣ дар Тоҷикистон аз чанд сол ба ин сӯ фаъолият мекунад.

Хадамоти хусусии нигаҳбонӣ дар Тоҷикистон собиқаи зиёд надорад, вале дар як муддат тавонистааст, ки дар амри таъмини амнияти иншооти давлатӣ, корхонаву муассиса, ширкатҳо, маъракаҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва афроди алоҳида, ки қаблан танҳо тавассути Раёсати муҳофизати Вазорати умури дохилӣ сурат мегирифт, мақом ва ҷойгоҳи муносибе пайдо кунад.

Оҷонсӣ ва ширкатҳои хусусии нигаҳбонӣ то ҳадде пешрафт кардаанд, ки бархе аз онҳо тавонистааст муҳофизат ва амнияти аз ҷумла биноҳои давлатиро дар ихтиёри худ бигиранд.

Бо вуҷуди он, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ниҳодҳои хусусии амниятӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз фароҳам наомадааст, ин ширкатҳои густариш меёбанд ва ҷои идораҳои расмии нигаҳбонӣ ва муҳофизатро мегиранд. Чунончӣ, ахиран «Red Line», як oҷонси хусусии нигаҳбонӣ дар Тоҷикистон дар як музояда ҷиҳати ҳифозати бинои вазорати рушди иқтисод ва савдо дар шаҳри Душанбе баранда дониста шудааст.

Шараф Ҳабибов, роҳбари он ба радиои «Озодӣ» гуфт, бинои ин вазорати қаблан мисли бақия корхона ва муассисаҳои давлатӣ аз тарафи вазорати умури дохилӣ муҳофизат мешуд. Вале дар як музоядае, ки ахиран ин вазорат барои таъмини амнияти бинои худ барпо кард оҷонсии онҳо пирӯз гашт: «Пеш аз мо ин корро милиса иҷро мекард. Аз он сабаб, ки хидмати онҳо ба дараҷаи хуб набудааст, онҳо маҷбур шуданд иваз намоянд. Тендер эълон карданд. Яке аз шартҳои тендер нарх ва дигараш сифати хидматрасонӣ ва таҷрибаи анҷоми ин корҳо. Албатта, он тендерро мо буридем. Ҳама аз хидмати мо розиянд.»

Роҳбари оҷонси хусусии нигаҳбонии «Red Line» гуфт, ки бар изофаи муҳофизати бино, муассиса ва маъракаҳое, мисли консертҳо дар толорҳои пойтахт ва ё бозиҳои пуртамошобини варзишӣ ба мисли футбол онҳо барои ҳимояти афроди алоҳида, фарзандони онҳо ва ё тоҷирону
намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар асоси қарордоди дуҷониба ҷалб карда мешаванд. Ҷаноби Ҳабибов гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар оҷонсии онҳо наздики 70 нафар машғул ба коранд, ки сатҳи маошашон дар муқоиса ба ҳамин навъи хадамоти Вазорати умури дохилӣ бештар аст.

Аммо танҳо оҷонсии «Red Line» нест, ки хадамоти алтернативии нигоҳубин, муҳофизат ва таъмини бехтарии корхонаву муассиа ва чорбаниҳоро дар Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Дар ҳоли ҳозир чанде аз чунин ширкат ва оҷонсиҳои хусусӣ, аз ҷумла «Каскад», «Барс», «Муҳофиз» ва ғайра амал мекунанд. Ин оҷонсиҳои хусусӣ асосан собиқадорони идораҳои амниятиву интизомии Тоҷикистонро ба кор ҷалб кардаанд. Онҳо дар асоси қарордод ба муштариёни худ хидмат мерасонанд.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили МН
Маҳмадалӣ Ватанов, вакили МН
Барои мисол, муассисаи хусусии «Каскад» таъмини амнияти ширкати мобилии «Билайн»-ро дар Тоҷикистон бар ӯҳда гирифта ва ҳамчунин дар асоси қарордод бо вазорати фарҳанг амнияти чорабиниҳои вазорати фарҳангро таъмин мекунад. Аммо як нафар аз муассисаи хусусии нигаҳбонии «Муҳофиз», ки таъмини амнияти дафтари ширкати «Газпром» дар Душанберо бар ӯҳда дорад, гуфт, дар ҳоли ҳозир дар қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти чунин навъи фаъолият танзим нашудааст ва набуди заминаи ҳуқуқӣ барои ба таври беҳтар фаъолият кардани онҳо монеа эҷод мекунад.

Ин нуктаро Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ таъйид кард, ки барои чунин навъи фаъолият дар кишвар асоси ҳуқуқӣ яъне қонуни танзимкунанда қабул нашудааст. Оқои Ватанов гуфт, ки дар доираи қонуни махсус танзим кардани чунин навъи фаъолият ва иҷозат додани он мушкилиҳои зиёде дорад:

«Дар мо айни ҳол чунин як қонуне қабул нагардидааст, ки фаъолияти чунин ниҳодҳоро ба танзим дароварад. Бинобар ин, он чӣ, ки онҳоро ҳамчун ниҳоди муҳофизатӣ ва ё "частное охранное предприятие" ташкил мекунанд, аммо онҳоро қонунӣ ҳисобидан мумкин нест. Барои чӣ? Барои онки бояд чунин намуди фаъолият дар асоси қонун сурат бигирад, дар ҳоле, ки мо чунин қонунро надорем. Масъалаи бо силоҳ таъмин кардани онҳо, вазъи ҳуқуқии онҳо, вазъи иҷтимоии онҳо дар зери суол мемонад.»

Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ
Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ
Аммо Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, давлат дер ё зуд заминаҳои ҳуқуқии чунин навъи хидматрасониро фароҳам хоҳад кард. Зеро вақте мо дар шароити сармоядорӣ ба сар мебарем, фаъолияти Хадамоти хусусии амниятӣ як амри табиӣ хоҳад буд:

«Гап дар он аст, ки чун онҳо дар ниҳоди давлатӣ сабти ном шудаанд, ҳаққи фаъолиятро доранд. Бинобар ин чунин ширкатҳо ва ё оҷонсиҳои хусусӣ метавонанд амал кунанд. Онҳо мисли ниҳодҳои давлатӣ дар иҷрои вазифаҳои худ ҷавобгарӣ ва масъулиятро бар дӯш мегиранд.. Ва ин ин як амри табиӣ дар ҷамъияти сармоядорӣ аст.»

Бо ин ҳол Шараф Ҳабибов, роҳбари «Red Line» - Оҷонсии хусусии нигаҳбонӣ гуфт, ки онҳо ҳар моҳ аз 4 то 5 000 сомонӣ ба давлат молиёт месупоранд. Ва то кунун аз мизоҷони худ барои ноӯҳдабароӣ ва ё дуруст анҷом надодани шартҳои қарордод ҳарфе нашунидаанд.

Афзун бар ин, пешниҳоди онҳо аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти мактабҳои миёнаи пойтахт, ки вақтҳои охир ба саҳнаи даргириҳои бераҳмонаи хонандагон табдил ёфтаанд, пазируфта шуд. «Red Line» дар ҳоли ҳозир муҳофизат ва бехатарии панҷ мактаби Душанберо дар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG