Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони тоҷик дар интихоботи Арманистон


Маъракҳои пеш аз интихоботӣ дар Арманистон
Маъракҳои пеш аз интихоботӣ дар Арманистон
Абдуманнон Додоев, раиси Дастгоҳи Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки намояндагони Тоҷикистон дар доираи нозирони кишварҳои узви ИДМ, рӯзи якшанбе ҷараёни интихоботи порлумонии Арманистонро назорат хоҳанд кард. Ҷаноби Додоев афзуд, феълан ду нафар мутахассисони Коммисия марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Нурридин Саидов ва Ҷӯрахон Қурбонов дар Ереван ҳузур доранд. Рӯзи якшанбе дар Арманистон интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад шуд. Ба навиштаи расонаҳои хабарӣ, дар ҳоли ҳозир панҷ ҳизби сиёсӣ барои соҳиб шудан ба курсиҳои порлумони Арманистон мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG