Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди нозирони СММ аз як минтақаи Ҳумс


Чирикиҳо дар Холидия
Чирикиҳо дар Холидия
Нозирони СММ дар Сурия аз ноҳияи Холидияи Ҳумс дидан кардаанд. Ҳумс аз пойгоҳҳои умдаи мухолифини режими Башор Асад маҳсуб шуда, минтақаи Холидия мавриди бомббори шадиди нирӯҳои давлатӣ қарор гирифта буд. Раҳбари ҳайъати нозирони СММ генерал Роберт Муд аз тамоми ҷонибҳо даъват кард, то ба хушунат поён дода, ба муколама шурӯъ кунанд. Бо ин ҳол, Кохи Сафед саркӯбии эътирози донишҷӯён дар донишгоҳи Ҳалаб аз сӯи нирӯҳои Сурияро маҳкум кард. Ба гуфтаи фаъолон, дар ин ҳамла 4 нафар кушта ва 200 тан боздошт шуданд. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Кернӣ гуфт, агар режими Асад ба саркашиаш аз иҷрои тарҳи сулҳ идома диҳад, дар қиболи Сурия шояд тарҳи нави байналмилалӣ лозим шавад.
XS
SM
MD
LG