Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен гуфт, ӯ ҳанӯз умедвор аст, ки тавофуқ бо Русия бар сари истиқрори сипари мушакии НАТО дар Аврупо ба даст хоҳад омад. САДО Қаблан вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков дар як анҷумани масоили дифоъи мушакӣ дар Маскав гуфт, музокироти Русияву Амрико наздик ба бунбаст шудааст. Фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия Николай Макаров аз эҳтимоли истифодаи иқдомоти низомӣ алайҳи сохтани ин сипар ҳушдор дод. Вошингтон мегӯяд, сипари зиддимушакӣ зидди Русия нест, балки мудофиаи Аврупо аз таҳдидҳои мушакии ношӣ аз кишварҳо, назири Эронро ба ҳадаф дорад.
Умеди НАТО ба тавофуқ бо Русия дар мавзӯи мушакҳо
