Имрӯз, 4 май, Муколамаи стротегиву иқтисодии Амрикову Чин дар Пекин ба поён мерасад. Нишасти вазирони дифоъи Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Остона ва иҷлоси кумитаи ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон дар Душанбе имрӯз ҳам идома хоҳад ёфт. Имрӯз дар Эрон даври дувуми интихоботи парлумонист. Вазири хориҷаи Эстония Урмас Пает имрӯз ба Қазоқистон сафар мекунад. Ва 4 майи соли 1980 Иосиф Броз Тито баъди 35 соли раҳбарӣ бар Югославия даргузашт.